Мурғоб кай соҳиби мактаби замонавй мегардад?

Мурғоб кай соҳиби мактаби замонавй мегардад?

Мактаб макони илму маърифат аст ва пойдории ҷомеа пеш аз ҳама ба мактаб вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар дурдасттарин манотиқи кишвар низ мактабҳои нави замонавиро сохта ба истифода диҳад, аммо...


Мутаассифона, то ҳол дар маркази ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ба шароити муосир ҷавобгӯ нестанд. Яке аз ин муассисаҳо МТМУ-и №14 ба номи Соҳибназар Сайниев мебошад.


Муассисаи номбурда соли 1932 таъсис ёфтааст ва он ҳамчун "Мактаби №1 ба номи В.И. Ленин" номгузорӣ гардидааст.


Ногуфта намонад, ки то соли 1993 дар мактаби №1 гурӯҳҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ фаъолият доштанд. Соли 1993 муассиса аз мактаби №1 ҷудо гардида ягона мактаби тоҷикӣ дар маркази ноҳия мебошад.


Айни ҳол дар МТМУ-и №14 ба номи Соҳибназар Сайниев зиёда аз 360 нафар хонандагон таҳсил дошта 37 нафар омӯзгор кору фаъолият доранд.


Дар тӯли фаъолияти қариб якасраи худ муассиса тавонист садҳо мутахассисони барҷастаро дар соҳаҳои гуногун омода созад, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ нуфузи кишвари азизамонро баланд мебардоранд. Барои минбаъд низ омода намудани чунин кадрҳо мактаб ба шароити замонавӣ ниёз дорад.


Омӯзгорону хонандагони муассиса умедворанд, ки дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби наву замонавӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.