4 ноября 2016 года в Кыргызской Республике вступит в силу Закон Кыргызской Республики «О внесении изменений в Закон Кыргызской Республики «О внешней миграции».
Согласно настоящему Закону Кыргызской Республики все граждане иностранных государств, в том числе граждане Республики Таджикистан прибывающие в Кыргызскую Республику обязаны пройти процедуру регистрации в уполномоченном государственном органе по делам регистрации в течении 5 рабочих дней с момента въезда на территорию Кыргызской Республики.
Просьба ко всем гражданам Республики Таджикистан прибывающимв Кыргызскую Республику в течение 5 рабочих дней с момента въезда на территорию Кыргызской Республики в обязательном порядке пройти процедуру регистрации в уполномоченном государственном органе по делам регистрации Кыргызской Республики.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар менамоянд
4 ноябри соли 2016 дар Ҷумҳурии Қирғизистон Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи муҳоҷирати беруна” эътибор пайдо мекунад.
Мутобиқи Қонуни мазкури Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар менамоянд, уҳдадоранд, ки расмиёти бақайдгириро дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои бақайдгирӣ дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон гузаранд.
Аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар менамоянд, хоҳиш карда мешавад, ки дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври ҳатмӣ расмиёти бақайдгириро дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои бақайдгирии Ҷумҳурии Қирғизистон гузаранд.