Мурғоб - сарзамини ваҳдат ва ҳунар

Мурғоб - сарзамини ваҳдат ва ҳунар

Муҳовара бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода


- Дар доираи таҷлили сазовори ҷашнҳои бузург - Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ноҳияи Мурғоб вусъати тоза пайдо кардаанд. Таҳаввулоти даврони соҳибистиқлолии кишвар ва истиқболи гарми сокинон аз ваҳдату истиқлолро чӣ гуна арзёбӣ мекунед!


- Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб, тоҷикон ва қирғизҳо, бо боварӣ ва эътимоди комил ба зиндагии амну осоишта ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва сулҳпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта кору зиндагӣ мекунанд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти сокинони ноҳия дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастанд. Иншооти бузург - НБО «Тоҷикистон» соли 2018 бо ширкати Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Биноҳои наву зебои маъмурӣ, бонкҳо, муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ ва нуқтаҳои хизматрасон ба симои деҳоти ноҳия ҳусни рӯзафзун мебахшанд. Дастрасии доимии сокинони шаҳраки Мурғоб ва деҳоти гирду атрофи он ба неруи барқи обӣ ва офтобӣ, ба минтақаи транзитӣ табдил ёфтани ноҳия, рушди сайёҳӣ ва тараққӣ ёфтани инфрасохторҳои хизматрасонӣ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия мусоидат намуданд.


Ширкати фаъоли сокинони шаҳраки Мурғоб ва деҳоти ноҳия дар корҳои ободониву созандагӣ ба мисли ба истифода додани чоҳҳои обкаш, тоза намудани кӯчаҳои шаҳрак, муҳити зисти гирду атрофи деҳот, таъмири роҳҳо, макотиб, чароғонкунии кӯчаҳои шаҳрак ва деҳот, анъанаи дар рӯзи аввали сафарбарӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намудани нақши даъват, эҳтиром ба волоияти қонун ва муқаддасоти миллӣ ва амалҳои дигари хайру созанда шаҳодати ҳисси баланди ватандӯстии сокинони ноҳия ва ҷонибдориашон аз сиёсати созандаву буёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.


mur-ob-sarzamini-va-dat-va-unar 2- Сокинони ноҳияи Мурғоб аз мулоқоти нахустинашон бо Президенти сулҳовару матинирода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаяҷон ва эҳтироми беандоза нақл мекунанд. Шумо ин мулоқоти таърихиро чӣ гуна дар ёд доред?


- Тобистони соли 1995 шаҳру ноҳияҳои вилоят аз силоҳбадастони ғайриқонунӣ, ки аз манотиқи гуногуни кишвар дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, пур буд. Ногаҳон хабаре паҳн шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мурғоб меоянд. Дар чунин шароит бисёриҳо омадани Сарвари давлатро ба минтақаи дурдасттарини ҷумҳурӣ бовар надоштанд. Сокинони ташнаи сулҳ ва ҳаёти амну осоишта ва созандаи ноҳия, зану мард ба истиқболи Сарвари давлат дар фурудгоҳ ҷамъ омаданд.


Интизорӣ тӯл кашид, вале аз чархбол дараке набуд. Ман, духтарчаи хурсол ва ҳамсолонам дар роҳи пиёдагарди назди бинои мақомот ба бозӣ машғул будем. Ногаҳон дидем, ки мошини сабукраве омада, дар назди бинои мақомот истоду аз он чанд тан берун шуд. Бо ҳисси кунҷковӣ ҳама боло шудему истодем. Як марди нуронӣ аз байнашон назди мо омад ва сари духтараки маъюбро, ки дар барам меистод, сила кард. Баъд фаҳмидем, ки ин шахси меҳрубон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будаанд. Лаҳзае аз ин навор дар суруди «Ман Ориёиям» истифода гардидааст.


Ҳамаи онҳое, ки дар маросими интизорӣ ва мулоқот бо Сарвари давлат ширкат доштанд, дар ин ақида ҳамфикр ва ҳамдил буданд, ки Роҳбари хоксор ва дар айни замон ботадбиру матинирода ба кишвар сулҳу амонӣ меорад. Суханони Президенти Тоҷикистон «Ман ба шумо сулҳ меорам», ки бори дигар дар ин мулоқот таъкид гардиданд, дар ҳар хонадон паҳн шуда, боварӣ ва эътимод ба истиқрори сулҳ ва ҳаёти созандаро дар қалби сокинон ҷо карданд ва ба шакли овеза дар даромадгоҳи ноҳия гузошта шуданд.


Маълум шуд, ки ҳангоми сафари нахустини Сарвари давлат ба ноҳияи Мурғоб бинобар якбора тағйир ёфтани вазъи ҳаво ва пеш омадани қабати ғафси абр идомаи парвоз номумкин шуда, чархбол ночор дар маҳали Аличур фуруд омадааст. Мардум меҳмони олиқадрро самимона пазироӣ намуда, дар баробари ҳайати ҳамроҳ маслиҳат доданд, ки бинобар вазъи номуътадили ҳаво беҳтар аст аз идомаи сафар худдорӣ намоянд. Вале азми Сарвари давлат қатъӣ буду қарор доданд, ки пас намегарданд ва зиёда аз 100 километри дигарро то маркази ноҳия бо мошин тай мекунанд. Он давраи мушкил ягона мошини сабукрави коршоями мутааллиқ ба сокини деҳа чархҳо надошт. Қирғизҳо ва тоҷикон дар муддати кӯтоҳ барои «Москвич» чархҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ пайдо карданду Роҳбари давлат бо ронанда, ду муҳофиз ва як нафар шахси ҳамроҳ сафарро идома доданд, ки ин худ қаҳрамонӣ буд.


- Мурғоб яке аз хатсайрҳои ҷолиб ва мароқангез барои сайёҳӣ ба шумор меравад. Шумо ҷаззобияти минтақаро дар чӣ мебинед?


- Мурғоб яке аз гӯшаҳои афсонавии Тоҷикистони азиз аст. Даштҳои паҳновар, олами рангини набототу ҳайвонот, кӯлҳо, ки «чашмони нилгуни Помир» меноманд, табиати дастнохӯрдаи моҳтобии ин ҷо зебоии нотакрори худро доранду сайёҳони зиёдро ба тамошояшон ҷалб мекунанд. Вале сайёҳони зиёде ҳам дар суҳбатҳо иброз доштанд, ки барояшон дар баробари тамошои манзараҳои зебо дидани равнақи ҳунарҳои мардумӣ дар шароити иқлими сахту сангин мароқангез асту ин ҷоро барои сайру саёҳат интихоб намудаанд.


Айни ҳол дар ноҳия 16 ширкати сайёҳӣ расман фаъолият дорад, онҳо бештар аз 200 нафар сокинони маҳаллиро ба шуғл фаро гирифтаанд. Пештар сайёҳон манзараҳои Мурғобро савори автомобил тай мезаданд ва тамошо мекарданд. Ҳоло хатсайрҳои махсус амал мекунанд, ки ба ҷойи автомобил қутос, асп ва ё уштур сайёҳро интизор асту хоҳишмандони зиёди тамошои манзараҳои зебо аз чунин имкониятҳои сайёҳии экологӣ истифода мебаранд. Ҳамчунин, сайёҳии табобатӣ рушд меёбад. Дар назди ду чашмаи обҳои гарм меҳмонсаройҳо сохта шуда, дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Табобат бо қумиз намуди дигари сайёҳии табобатӣ аст, ки таъдоде аз сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба он мароқ зоҳир мекунанд.


- Оид ба мақоми забони давлатӣ дар ноҳия чӣ назар доред?


- Забони давлатӣ дар Мурғоб мақоми шоиста дорад. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил ва кормандони идораву муассисаҳо ба онҳо ҷалб карда шуданд. Коргузорӣ дар идораву муассисаҳои давлатӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Се сол пайи ҳам ҷудо шудани Квотаи президентӣ барои 100 довталаб ба мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон имкон фароҳам овард, ки мушкилоти таъмини макотиб бо омӯзгор пурра ҳал гардад.


Дар доираи квота, ҳамчунин, мутахассисони соҳаи пизишкӣ, кишоварзӣ, меъморӣ, заминсозӣ ва дигар соҳаҳои барои ноҳия зарур тайёр шуданд, ки айни ҳол дар ин ҷо фаъолият мебаранд.


- Нақши занонро дар рушди ноҳия чӣ гуна арзёбӣ мекунед?


- Занони ноҳия меҳнатдӯст, мушкилписанд, ҳунарманд ва эҷодкоранд. Нигоҳубини чорво шуғли мардон аст, вале гирифтани маҳсулоти чорво, ба мисли ширу пашм ва коркарди онҳо кори заҳматталаб буда, занон дар шароити сахту сангини иқлимӣ самаранок аз имкониятҳои чорвопарварӣ барои ғанӣ гардондани буҷети оила истифода мебаранд. Бонувон дар бофтани ҷуроб, қолину палос ва намадрезӣ ҳамто надоранд. Маҳсулоти хушнамуд ва босифаташон, ки хаймаҳо ва манзилҳои истиқоматиро оро медиҳанд, харидори зиёд доранд. Ҳунармандон аз пӯсту пашм бозичаҳои ҳархелеи бачагона, сумкачаҳои занона, миёнбанд ва дигар маҳсулоти ороишӣ тайёр мекунанд. Мурғоб сарзамини ваҳдат ва ҳунар аст ва ин ҳамгироии фарҳангӣ, эҳтиром ба сулҳ, ҳаёти осоишта, дӯстӣ дар маҳсулоти бофандагӣ ва гулдӯзӣ дар шакли гулпартоиҳои барҷастаи гуногун бо рангҳои сафеду сабз тараннум ёфтаанд.


Ҳамчунин, 24 зан дар мақоми роҳбарикунанда дар сохторҳои гуногуни ноҳия фаъолият дошта, 37 бону намояндаи мардумӣ дар зинаҳои гуногуни мақомоти намояндагист. Занон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ нақши бориз доранд


- Ҳамчун нахустин зан ба мақоми раиси ноҳия таъйин гардиданатонро бо кадом эҳсос қабул кардед?


- Ман дар ноҳияи Мурғоб таваллуд ёфта, ба воя расидаам. Зодгоҳамро дӯст медорам. Пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имкони дар маркази ҷумҳурӣ ва ё ноҳияҳои дигари вилоят пайдо кардани ҷойи кор мавҷуд буд, вале дар пайравии падарам, ки собиқаи қариб чилсолаи омӯзгорӣ дорад, ба ноҳия баргашта омӯзгор шудам. Ҳамзамон, раиси иттифоқи ҷавонони мактаб будам.


Сипас, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазифаҳои гуногун, дар шуъбаи умумӣ, бахши назорат, бахши занон, маъмурӣ - ҳуқуқӣ кор кардам. Пас аз таҳсил дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ба симати муовини раиси ноҳия 7 сол фаъолият намудам.


Бо Фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъйин шуданамро ба вазифаи раиси ноҳия чун нишонаи қадр кардани заҳмати ҳалол ва дастгирии кадрҳои ҷавон, занону духтарон аз ҷониби Сарвари давлат мешуморам ва мекӯшам ба ин боварӣ сазовор бошам.


Ҳамчун нахустин зан ба мақоми роҳбари аввали ноҳия таъйин шуданро бароям шараф меҳисобам. Сокинони ноҳия: қирғизҳо ва тоҷикон маро хеле самимӣ истиқбол гирифтанду бовар дорам дар ҳамкорӣ бо мардум дар амалӣ сохтани сиёсати давлат, ки ба пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимию иқтисодӣ ва фарҳангии сокинони ноҳия, таҳкими сулҳу дӯстӣ, ҳамгироӣ ва зиндагии созанда нигаронда шудааст, саҳмгузор бошам.


- Дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба хонандагони маҷалла чӣ гуфтание доред?


- Сокинони Мурғоб ба арзишмандтарин даст­овардҳои халқу давлати Тоҷикистон - Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арҷ мегузоранд. Ваҳдати миллӣ, сулҳ, ҳаёти амну осоишта, ҳусни ҳамҷаворӣ кафили пешрафту шукуфоии ҳар миллату давлатанд.


Халқҳои тоҷику қирғиз асрҳо паҳлуи ҳам зиндагии рангин ва бунёдкорона доштанд ва бовар дорам, ки фарҳанги ҳамзистии осоишта аз имтиҳони сангини таърих гузашта, халалнопазир боқӣ мемонад.


Рӯзи Ваҳдати миллиро барои ҳар хонаводаи кишвар муборакбод мегӯям. Бигузор офтоби сулҳу ваҳдат то абад бар сари миллати сарсабзу сарбаланди мо нурафшон бошад.