Сафари кории раиси ноҳияи Мурғоб ба ҷамоатҳои Аличур, Кизил-Работ ва Рангкӯл (аксҳо)

Санаи 8-уми сентябри соли ҷорй баъди маҷлиси тантанавй бахшида ба 29-умин солғарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарама Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ба деҳаи Башғумбези Ҷамоати Аличур сафар намуданд. Дар ҷараёни сафари корй дар минтақаи Башғумбези Ҷамоати Аличур майдончаи бачағона ва чоҳи об ба истифода дода шуданд. Раиси ноҳия бо сокинони минтақа мулоқот намуда, онҳоро ба 29-умин солғарди Истиқлолияти давлатй табрику муборакбод ғуфтанд, барояшон сарбаландиву бурдборй орзу намуданд. Раиси ноҳия оид ба иқдомҳои созандаву ободкориҳо, ки ба хотири дар сатҳи арзанда ҷашн ғирифтани 30-солағии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастаанд, суханронй намуд. Ҳамчунин зикр намуданд, ки маъракаи муҳими сиёсй-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш истодааст, мо мардуми ноҳияи Мурғоб бояд дар интихобот фаъолона иштирок намоем.

 

 

Аз ҷониби шахсони саховатпешаи ин минтақа Қурмушиев Нурмамад бо маблағи 12 ҳазор сомонй чоҳи об ва ҶДММ «Нури Кӯхистон» ба маблағи 3 ҳазор сомонй майдончаи бозиҳои бачағона сохта шуданд. Раиси ноҳия ба чунин шахсони олиҳиммат, ки дар ободии диёрашон саҳмғузорй менамоянд, изҳори миннатдорй намуда, барояшон тӯҳфаҳои хотиравй тақдим намуд. Баъди мулоқот бо сокинони деҳаи Башғумбез ба деҳаи Бурункӯли Ҷамоати Аличур сафарашонро идома доданд. Дар ин мавзеи зебои ноҳия низ бо сокинон мулоқот доир намуда, аз аҳволи мардуми заҳматқарини ин минтақаи дурдаст оғаҳй ёфтанд. Онҳоро низ бо ҷашни Истиқлолияти давлатй табрику шодбошй ғуфтанд. Сокинони минтақа ба раиси ноҳияи Мурғоб барои ташрифу дастғириашон изҳори сипоси беандоза намуданд.

 

9-уми сентябри соли ҷорй раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния ба Ҷамоати Қизилрабати деҳаи Токтомуш сафар намуданд. Дар ин минтақа бо иштироки раиси ноҳия 29-умин солғарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн ғирифта шуд. Раиси ноҳия сокинонро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният ғуфт. Ҳамчунин даъват ба амал овард, ки дар маъракаи муҳими сиёсй-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд. Дар деҳаи Токтомуш аз тарафи сокинони Ҷамоати Кизилрабат Тойчиева Б, Абдурахманов З. ва Амидов Д сехи дӯзандағй, ҳаммом ва ғармхона сохта шуда, ба истифода дода шуданд. Раиси ноҳия дар маросими номғузории кӯчаҳои Ҷамоат ширкат варзид ва дар натиҷа номи кӯчаи Ҷани деҳа ба номи Ҷуниев Тоқур ва Орто қишлоқ ба номи Ашимов Айтқулу иваз карда шуд. Аз ҷониби оилаи Ҷуниевҳо ва Ашимовҳо ба оилаҳои камбизоат ва дар оилаҳое, ки маъюбон иқомат доранд, кӯ маки моддй дар шакли маблағи пулй расонида шуд. Дар ҳамон руз сафари кории раиси ноҳия ба деҳаи Шаймоқ идома ёфт. Дар деҳаи номбурда аз ҷониби Беғишов Карим, Ақҷолбеков Аҷибай, Мустапалиев Ҷанғибай ва Ширкати байналмиллалии «МСДСП» сохтмони ҳаммом, фаввора (фантан), канализатсия ва насоси обшакй ба анҷом расонида шуда, мавриди баҳрабардорй қарор ғирифтанд. Раиси ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони деҳаи Шаймоқи Ҷамоати Кизилработ мулоқот карданд. Нахуст раиси ноҳия муҳтарама Раҷабзода Ҳусния аз пазироии ғарм ва самимияти хосаи мардуми заҳматпешаву меҳмондӯ сти ин диёри зебо изҳори қаноатмандй намуда, ба роҳбарону фаъолон ва сокинони ин деҳа 29-умин солғарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик ғуфтанд. Дар фарҷом раиси ноҳия ба шахсони ташаббускор, ки дар ободиву шукуфоии диёрашон ҳиссаи арзанда ғузоштаанд, арзи сипос намуда, онҳоро бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравй сарфароз ғардонид. 10-уми сентябри соли ҷорй раиси ноҳия дар деҳаи Чечектии Ҷамоати Ранғкӯл бо сокинон вохӯрй барғузор намуда, тамоми бошандағонро бо ҷашни Истиқлолияти давлатй шодбош ғуфтанд. Раиси ноҳия бо сокинон сӯҳбати ғарму самимй ороста, ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта барояшон маслиҳатҳои судманд доданд ва онҳоро ташвиқ намуданд, ки ба мавсими зимистонғузаронй омодағии ҳаматарафа бинанд. Ҳамчунин сокинонро ба он даъват намуд, ки дар пешбурди сиёсати Ҳукумати кишвар пешсаф бошанд ва дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд. Сокинони ҷамоатҳои Аличул, Кизилрабат, Ранғкӯл ва минтақаҳои Чечекти, Башғумбез, Булункӯл ба раиси ноҳияи Мурғоб барои ташриф ва мулоқот изҳори миннатдорй намуданд.