Аз ин ҷост, ки ҳар миллати бедору бошараф забони модариро мепарастаду паийи бузургдошташ мекӯшад. Мо, тоҷикон, ифтихорманд аз онем, ки забони бостонию тавоно ва дорои захираи ғании луғавӣ дорем. Забони тоҷикӣ забони машҳури дунё эътироф шудааст ва бо ин забон ато мардоне чун Рудакию Фирдавсӣ, Хаёму Ҳофиз, Ҷомию Бедил асарҳои безаволу мондагор ва дорои мазмуну мӯҳтавои олӣ офаридаанд.
Муҳимтарин марҳилаи рушди забони тоҷикӣ пас аз ба истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Бо шарофати Истиқлолият забони тоҷикӣ воқеан ҳам мақоми давлатӣ дарёфт ва мавқеашро устувор сохт. Ба бахти халқи тоҷик ва забони давлатии ин халқи бостонӣ дар давраи истиқлолият марди шарифе зимоми далатдориро ба даст гирифт, ки дар арҷгузорӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ назир надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустқадамҳои худ ба арсаи сиёсат кӯшиш ба харҷ дод, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ пайваста густариш ёбад, бештар фарогиру тавоно шавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, № 553 қабул гардида, аз 7 боб ва 26 модда иборат аст. Мардуми Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамин поя устувор сохтааст. Талаботи қонуни мазкур чуни наст:
------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
Аҳли хирад забонро муҳимтарин омили ҳастӣ ва бақои миллат донистанд. Забон шиносномаи ҳар халқ аст ва муҳимтарин муқаддасоти он маҳсуб меёбад. Миллате, ки забони модариро арҷ намегузорад, онро ҳифз намекунад, аз олудагиҳо эмин надо¬рад, маҳкум ба завол аст. |
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатиро донад, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии деҳот ва шаҳрак, инчунин шахсони ҳуқуқӣ барои омӯхтани забони давлатӣ ва таҳкими забономӯзии кормандон шароит фароҳам оранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад. Муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд бо забонҳои дигар фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, олии касбӣ баъд аз муассисаҳои олӣ таълими омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар мукотиба бо мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, бо шаҳрвандон бояд забони давлатиро истифода менамоянд. Номгузории мақомоти ҳокимияти давлати идораву муассисаҳо, инчунин дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқи, ба забони давлати сурат мегирад. Ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлати навишта мешаванд. Бояд қайд кард, ки маҷлису ҷамъомадҳои расми, чорабиниҳои фарҳанги ба забони давлати сурат мегирад. Дар ҷаласаҳо баромадкунандагон кӯшиш мекунанд, ки дар суханрониашон меъёрҳои забони давлатиро риоя кунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар баъзе идораву муассисаҳои ноҳия то ҳоло ҳам забони давлати мавқеи назаррасро пайдо накардааст. Бинобар ин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва роҳбарони идораву муассисаҳоро зарур аст, ки ҳангоми хоста гирифтани мутахассисони ҷавон ба хизмати давлатӣ шарти донистани забони давлатиро яке аз шартҳои муҳим ба инобат гиранд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мурғоб бошад, нисбат ба солҳои пеш омӯзиши забони давлати беҳтар шуда истодааст. Ба ҳамаиин нигоҳ накарда, ҳанӯз камбудиҳо вуҷуд доранд, ки ба иҷрои бемайлони қонуни мазкур монеъ мегарданд, аммо ин камбудиҳо бо ёрии донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ҳали худро ёфта истодааст. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 26 нафар омӯзгорони забони давлати ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд ва дар муассисаҳои таълимие, ки таҳсилашон ба забони қирғизи ҳастанд, забони давлатиро меомӯзонанд. Аз се муассисаҳои таълимие, ки дар маркази ноҳия фаъолият мекунанд, танҳо забони таҳсили як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 ба забони давлати фаъолият намуда, хушбахтона дар ин муассиса зиёда аз 56 нафар хонандагони қирғиззабонҳо таҳсил намуда истодаанд. Инчунин, тазакур бояд дод, ки соли 2016 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус барои довталабони ноҳияи Мурғоб, ки дар шароити ду забона зиндаги мекунанд 100 ҷой барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҶТ ҷудо намуданд, ки алакай 72 нафар довталабон бо ин восита ун-вони донишҷӯро соҳиб гардиданд. Аз ин донишҷӯён бошад 37 нафар қирғиззабон ва 35 нафар тоҷикзабонҳо, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи омӯзгори таҳсил намуда истодаанд.
Ин иқдоми неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду соли дигар, солҳои 2017-2018 низ давом мекунад ва баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар самти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» судманд мебошад.
М. Шикориев - Мудири шуъбаи
маорифи ноҳияи Мурғоб.
«САРЫКОЛ» пресс
www.sary-kol.ru