ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ

Узви маҷлиси Миллӣ маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Мурғоб мӯҳтарам Ҷошбаев Мурзабай Абилакимович бахшида ба иди “Рузи Модар”

 

Модарону бонувони азиз, хоҳарони гиромӣ!

Ҳоло ки мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои зебову дилписанди сол иди “Рузи Модар” қарор дорем, мехоҳам ҳамаи Шумо кулли модарон ва занону духтарони иззатманди ноҳияро ба муносибати рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон, пеш аз ҳама саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани иди модарон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас занмодар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шавкати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши занмодар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эълон гардида, симои занони тоҷикистон дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару Гурдо-фарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан-модар чунин қайд намудаанд “

 

Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст Худованд ба занмодар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад”.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Мафҳуми сулҳ барои мо мардуми тоҷикистон маънии махсус касб намудааст ва дар бораи аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, миллӣ ва фарҳангии он бисёр сухан гуфтан мумкин аст. Мо ҳамеша ин рӯзи фараҳбахшро бо дилу эҳсоси гарм пешвоз мегирем. Зан-Модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст ҳақ доранд, ки зеботарин рӯзи сол низ аз ӯ бошад. Зеро модарон ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур, абармардони хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба инсоният дуо додааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар фарзанд аст.

 

Модарону хоҳарони азиз!

Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо дарназар-дошти мақому мартабаи шоистаи занон ва вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо ва оғози даврони истиқлолият то имрӯз хеле санадҳоро қабул ва татбиқ кардааст. Як силсила фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки онҳо барои таҳкими мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоии кишвар, беҳтар шудани вазъи намояндагӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлатӣ таккони ҷиддӣ бахшиданд.

 

Далели ин гуфтаҳои боло чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд карданд, ки “Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо дарназардошти бахши хусусӣ беш аз як миллион занону духтарон фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда 45 фоизи шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад”. Занон имрӯз ҳам роҳбари корхона ҳастанду, ҳам табиб, ҳам омӯзгоранду ҳам соҳибкор, хуллас онҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия фаъолият намуда истодаанд. Дар баробари ҳамаи ин онҳо вазифаи муқаддас ва басо масъулиятноки ба дӯш доштаашон ба дунё овардани фарзанд, тарбия ва дар ниҳодаш ҷой намудани ахлоқи хамида, меҳру шавқат, эҳсоси ватандӯстиву худогоҳии миллиро фаромӯш насохтаанд. Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Модар имрӯз фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эъҷод мекунанд, ки дар ноҳияи мо чунин модарони соҳибмаърифату бофарҳанг кам нестанд.

 

Модарон дар ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарбияю ба воя расонидани фарзанди солеҳ ва ташаккули оилаи солим, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо мебошад, ҳиссаи арзанда ва босазои худро гузошта истодаанд. Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста буда, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст. Мо ба Шумо, занону модарон ва хоҳарону духтарони меҳрубон, ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа бовариву эътимод дорем ва аз Шумо тарбияи фарзандони содиқи Ватан ва миллат, ободонии кишвари азиз ва дар иқдомҳои неку шоистаро интизорем. Итминони комил дорам, ки Шумо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии ноҳия фаъолона ширкат варзида, барои пешрафти давлатамон рисолати созандагии хешро иҷро менамоед.

 

Ҳамаи Шумо гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувони ноҳияро бори дигар ба ифтихори бузургдошти “Рӯзи Модар” самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

 

Бигзор лабҳои занону модарон ва хоҳарону духтарон пурханда бошанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ дарду ғамро набинанд. Орзу дорам, ки Худованди муттаол хонадонатонро пур аз файзу баракат гардонад ва ҳаряки шуморо ба тамоми ниятҳои некатон расонад.

 

Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

 

«САРЫКОЛ» пресс

www.sary-kol.ru