Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал дар қисми ҳарби бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Кувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки узви Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳия муҳтарам Ҷошбаев М, Раҷабова Ҳ, Сафарзода Б, Мурдов Б, Ошурмамадов Г, Ояҳмадов Ф, Мубаширова С, Ақҷаров Ҷ вохури баргузор гардид. Раиси ноҳия хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбиро ба ифтихори 26 солагии таъсисёбии Артиши миллй табрик гуфта, дар хизмати ҳаррӯзаи душвор, вале пурифтихори онҳо барору пешравй орзу намуд.

 

Баъди суханронии раиси ноҳия Прокурори ноҳия Сафарзода Б, раиси ҲХДТ Ақҷаров Ҷ, муовини раиси ноҳия Раҷабова Ҳ, мудири бахши кор бо занон ва оила Мубаширова С, сухани табрики гуфтанд. Ба хизматчиёни қисми ҳарби ва афсарону сарбозон аз тарафи раиси ноҳия , роҳбарияти ҲҲДТ ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравй тақдим гардиданд. Дар хотима бахшида ба ин рӯз аз тарафи кормандони хонаи фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангй баргузор шуд.

 

"САРЫКОЛ" пресс

Н.Исраилов